Таҷдиди муваффақонаи шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода
Турсунзода, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф). –«Аз 10 адад кӯпруке, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон бояд сохта ё таҷдид шаванд, 9 ададаш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт»,- иброз дошт дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» менеҷери лоиҳаи роҳи мазкур Хурсанд Бобиев.
Мавриди зикр аст, ки аз моҳи октябри соли 2011 таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон оғоз шуда, бомуваффақият идома дорад. Арзиши умумии ин лоиҳа 131, 2 миллион доллари ИМА буда, 11,2 миллион доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи нақша роҳи мазкур моҳи октябри соли ҷорӣ пурра ба истифода дода хоҳад шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






