Таҷлили Рӯзи корманди дипломатӣ дар Сафорати ФР
Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Ба ифтихори Рӯзи корманди дипломатии Федератсияи Русия дар Сафорати Русия дар Тоҷикистон маҷлиси қабул баргузор шуд. Дар маҷлиси қабул роҳбарону намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва кормандони Вазорати корҳои хориҷии кишвар, ҳамчунин роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, ВАО ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва аҳли илму фарҳанг ширкат доштанд. Сафири Русия дар Тоҷикистон И.С. Лякин — Фролов зимни суханрониаш аз таърихи Рӯзи корманди дипломатӣ ва вазъияти ҳозираи муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон нақл карда, аз ҷумла қайд намуд, ки Русия дар тамоми давраи Истиқлолияти ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз карда, шарики асосии Тоҷикистон дар бахши сармоягузорӣ ба шумор меравад. Сафир ҳамчунин робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва ғайраро хотирнишон сохт. Дар ҷараёни ин чорабинӣ суратҳое, ки аз фаъолияти дипломату нависандагони руси асрҳои ХУШ — Х1Х нақл мекунанд, ба маърази намоиш гузошта, филми мустанад дар бораи расми кушоди Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи намоиш дода шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






