Тадбирҳои биотехникӣ дар боғи Ғалаба

Февраль 14, 2014 09:51

Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас  Темурзода).-Сард гаштани вазъи ҳавои кишвар на танҳо ба пояҳои иқтисодию иҷтимоӣ, балки барои ҳаёти олами паррандагон ва вуҳуш низ мушкилот пеш овард. Ҷиҳати бо маводи хӯрокии зимистона таъмин гаштани олами паррандагон аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳру навоҳии кишвар корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд. Чунин тадбир аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар минтақаи хоҷагии ҷангал ва боғи маданию истироҳатии «Ғалаба» бо иштироки мутахассисони раёсат доир шуд. Ҳифзи олами паррандагон ва вуҳуш аз муҳимтарин самтҳои афзалиятноки соҳаи муҳити зист ба ҳисоб рафта, дар ин самт ҳамасола бо мақсади ҳифзи паррандагон ва таъминоти онҳо бо маводи донагӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
        Тибқи иттилои Саидаҳмади Акрампур, сардори бахши иттилоотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал ва боғи фарҳангу истироҳатии «Ғалаба» чорабинӣ гузаронида шуда, дар минтақаҳои  интихобшуда барои таъмини паррандагон бо маводи донагӣ аз ҷониби раёсат 270 кг гандум, 275 кг ҷав ва зиёда аз 150 кг ҷуворимакка  пошида  шуд. 
         Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар дигар шаҳру навоҳии кишвар идома меёбад.
 
 

Февраль 14, 2014 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад