Тадбирҳои зиддисӯхторӣ пурзӯр мешаванд
Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Аз аввали моҳи феврал то имрӯз ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ сард гардид. Бинобар ин бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва омӯзиши аҳолӣ, коргарону хизматчиён бо талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор аз тарафи мутахассисони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси дастуру супоришҳои вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов дар маҳаллаҳои аҳолинишину ҷойҳои оммавӣ ва муассисаву ташкилотҳои гуногун корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шуда, ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар доираи чунин чорабиниҳо мутахассисони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Варзоб дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб, ки дар он 200 нафар кӯдакони нуқсони ақлонӣ доштаи будубоши доимӣ табобат гирифта, зиёда аз 240 нафар корманд ба нигоҳубин вобаста мебошанд, машварат дар мавзӯи «Таъмин ва риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор» баргузор гардид. Мутахассисони хадамот кормандони муассисаи мазкурро бо омилҳои асосии ба амал омадани ҳодисаҳои сӯхтор ва роҳҳои пешгириву мубориза бо он ошно намуда, дар интиҳои чорабинӣ бо дружинаҳои идоравии оташнишонӣ ва дигар кормандони он машғулиятҳои амалии зиддисӯхторӣ гузаронида, сатҳи малакаву дониш ва таҷрибаи онҳоро ҷиҳати амал намудан ҳангоми ҳодисаҳои сӯхтор боз ҳам мукаммал гардониданд. Чунин чорабиниҳои пешгирикунандаи зиддисӯхторӣ аз тарафи мутахассисони сарраёсат дар ҳамкорӣ бо кормандони қисми мустақили 26-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии отанишонии ноҳияи Синои пойтахт дар Хонаи кӯдакони №2-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе низ баргузор шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






