Таъхир дар мусобиқаи Ҷоми ФФТ
Душанбе, 18.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).-19-уми феврали соли равон маросими қуръапартоии даври интихобии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон доир мегардад.
Тавре ки дар ин бора торнамои Федератсияи футбол хабар додааст, бозиҳои даври интихобии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон мебоист 17-уми феврал оғоз мешуданд, аммо бо хоҳиши бештари дастаҳо он як ҳафта ба таъхир гузошта шуд.
Мусобиқа дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон ва Суғд 24-уми феврали соли равон оғоз мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






