Таъмини рақобати солим дар фаъолияти ВАО
Душанбе, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Саъдулло Қаюмов, ки алҳол вазифаи сардори шуъбаи назорати умумии Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, китоби навбатии хешро бо унвони «Тафсир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба табъ расонид. Дар дастури тафсири мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, меъёрӣ ва илмӣ-техникии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии давлатӣ, паҳнкунӣ ва фаъолияти воситаҳои ахбори омма, масъалаҳои озодии сухан ва маҳдудиятҳое, ки дар ин самт амал мекунанд, шарҳ дода шудаанд. Ба ақидаи муаллиф раванди муосири ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъмини озодии сухан, таъмини рақобати солим дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар тасаввур кардан имконнопазир аст. Дар дастур кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки ба лаҳзаҳои асосии ин масъала, зарурати танзими давлатии онҳо равшанӣ андохта шавад.
Барои эзоҳи меъёрҳои Қонуни тафсиршаванда асосан меъёрҳои Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, истифода шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






