Таъмиру нигаҳдории роҳҳо дар Ховалинг

Февраль 19, 2014 16:50

Ховалинг, 19.02.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар ноҳияи Ховалинг  дар  давоми соли 2013-ум  аз рӯи шароиту имкониятҳо иҷрои корҳои таъмиру  нигаҳдории роҳҳои мошингард ва вобаста  ба  ин пешгирию бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода  ба таври мукаммал роҳандозӣ гардид,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Нурулло Мирзоев. 
Таъмиру барқароркунии қитъаҳои  аз истифода  баромадаи  роҳи Ховалинг — Шугнов, пулҳои болои дарёи Ёхсу  пурра ба анҷом расонида шуд.  Аз оғози сол  зиёда аз 1 км  роҳҳои аҳамияти давлатӣ дошта  аз нав сохта шуда  ва 13 км  роҳҳои маҳаллӣ  аз таъмири асосӣ  бароварда шуданд. Гуфта мешавад, ки дар айни ҳол   корҳои  сохтмону барқароркунӣ   дар роҳи Восеъ- Ховалинг оғоз гардида,  бо суръат ҷараён доранд.
 
 
 

Февраль 19, 2014 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш