Танзими раванди муҳоҷират

Февраль 28, 2014 13:16

Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 27 феврали соли 2014 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Cумангул  Тағоева Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжунро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот тарафҳо бештар ба масъалаҳои ҳамкории муштарак дар самтҳои марбут ба фаъолияти вазорат, танзими раванди муҳоҷират ва риояи ҷалби қувваи корӣ (аз тариқи квота) аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар доданд, инчунин С. Тағоева барои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират,  касбомўзӣ ва дастгирии муассисаҳои таълимии ибтидоии касбӣ таклифу пешниҳодҳоро баён намуд, ки аз ҷониби сафир маъқул дониста шуданд. 
 

Февраль 28, 2014 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад