Танзими раванди муҳоҷират
Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 27 феврали соли 2014 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Cумангул Тағоева Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжунро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот тарафҳо бештар ба масъалаҳои ҳамкории муштарак дар самтҳои марбут ба фаъолияти вазорат, танзими раванди муҳоҷират ва риояи ҷалби қувваи корӣ (аз тариқи квота) аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар доданд, инчунин С. Тағоева барои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои муносибатҳои меҳнатӣ, муҳоҷират, касбомўзӣ ва дастгирии муассисаҳои таълимии ибтидоии касбӣ таклифу пешниҳодҳоро баён намуд, ки аз ҷониби сафир маъқул дониста шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






