«Таърихи Рӯшон» ба нашр расид
Хоруғ, 4.02.2014. (АМИТ «Ховар, Файз Мирасан).- Нашриёти «Илм» китоби «Таърихи Рӯшон»-ро ба тозагӣ интишор дод. Ин китоб бо ибтикор ва дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон ва Иттиҳодияи Ҷамъиятии «Равшандилон» аз чоп баромад.
Китоби мазкур аз се қисмат иборат буда, аз таърих, ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мардуми ноҳияи Рӯшон нақл мекунад. Хонандагони китоб имконият доранд дар ин китоб бо чеҳраҳои шинохта, ки дар пешрафти риштаҳои мухталифи ҳаёти минтақа саҳм гузоштаанд, ошноӣ пайдо кунанд.
Муаллифи китоб, журналист, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон Мамадалӣ Бахтиёров нахустин маводи таърихиро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳияи Рӯшон дар қарнҳои мухталиф ҷамъоварӣ намуда, ба қазовати хонандагон ҳавола кардааст. Вай ҳамчунин дар омода намудани китоб аз бойгониҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ истифода бурда, ба воситаи интернет ҳуҷҷатҳои бойгониҳои шаҳрҳои Санкт-Петербург, Маскав, Тошкандро омӯхтааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






