Тарма роҳи Хоруғ-Душанберо масдуд кард

Февраль 4, 2014 16:23

 
Хоруғ, 4.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Боронгариҳои чанд рӯзи охир роҳи мошингарди Хоруғ-Душанберо гоҳе кушодаву гоҳе баста нигаҳ медорад. Назар ба иттилои ситоди ҳолатҳои изтирории вилоят аз якуми феврал бад ин сӯ дар роҳҳои мошингарди ноҳияи Дарвоз ҳамарӯза тарма мефарояд. Ба гуфтаи як нафар аз масъулини ситод Давлат Абдураҳмонов тармае, ки рӯзи 3 феврал дар деҳаи Вишхарви ҷамоати Курговад фуромад,  дарозиаш  25 ва баландиаш беш аз панҷ метрро дар бар гирифт. Роҳсозон ба пок кардани ин тарма машғул буданд, ки дар деҳаи ҳамсоя -Шодак кӯҳпорае ба сари роҳи мошингард  сарозер шуд. Алъон ба ҷойҳои хатарзо техникаву механизмҳо интиқол дода шуда ва корҳои барқароркунӣ ва поксозии роҳҳо аз барфу сангрезаҳо идома доранд. Гуфта мешавад, ки то субҳи рӯзи панҷуми феврал роҳи мошингарди Хоруғ- Душанбе  боз мегардад.
        Ситоди вазъи изтирории вилоят аз шаҳрвандоне, ки озими пойтахти кишвар ҳастанд, хоҳиш кардааст, то барқарорсозии роҳ сафарашонро мавқуф гузоранд.
.
 
 
 

Февраль 4, 2014 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад