Тарма роҳи Хоруғ-Душанберо масдуд кард
Хоруғ, 4.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Боронгариҳои чанд рӯзи охир роҳи мошингарди Хоруғ-Душанберо гоҳе кушодаву гоҳе баста нигаҳ медорад. Назар ба иттилои ситоди ҳолатҳои изтирории вилоят аз якуми феврал бад ин сӯ дар роҳҳои мошингарди ноҳияи Дарвоз ҳамарӯза тарма мефарояд. Ба гуфтаи як нафар аз масъулини ситод Давлат Абдураҳмонов тармае, ки рӯзи 3 феврал дар деҳаи Вишхарви ҷамоати Курговад фуромад, дарозиаш 25 ва баландиаш беш аз панҷ метрро дар бар гирифт. Роҳсозон ба пок кардани ин тарма машғул буданд, ки дар деҳаи ҳамсоя -Шодак кӯҳпорае ба сари роҳи мошингард сарозер шуд. Алъон ба ҷойҳои хатарзо техникаву механизмҳо интиқол дода шуда ва корҳои барқароркунӣ ва поксозии роҳҳо аз барфу сангрезаҳо идома доранд. Гуфта мешавад, ки то субҳи рӯзи панҷуми феврал роҳи мошингарди Хоруғ- Душанбе боз мегардад.
Ситоди вазъи изтирории вилоят аз шаҳрвандоне, ки озими пойтахти кишвар ҳастанд, хоҳиш кардааст, то барқарорсозии роҳ сафарашонро мавқуф гузоранд.
.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






