Ташкили 14 ихтисоси нав дар ДДСТД

Февраль 3, 2014 14:35

 
Душанбе,  03.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз бо иштироки ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (ДДСТД) Ҷамшед  Ғаниев баргузор гардид, зикр шуд, ки дар донишкада  2 факулта -факултаи Санъати тасвирӣ ва факултаи Дизайн ташкил шудааст.
  Тибқи иттилоъ, дар айни замон дар донишкада 188 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад. Раванди таълим ва низоми машғулиятҳо тибқи  санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии  муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
  Ҷамшед Ғаниев изҳор дошт, ки аз 89 нафар донишҷӯе, ки дар факултаи Санъати тасвирӣ фаъолият менамояд, 11 нафараш  сессияро бо баҳои аъло, 38 нафар бо баҳои хубу аъло, 11 кас бо баҳои миёна ҷмъбаст кардааст. 54 донишҷӯ аз фанҳои гуногун қарздор мебошад.
  Дар факултаи Дизайн ҳамагӣ 99 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад, ки аз он 23 нафарашон сессияро бо баҳои хубу аъло, 16 нафар бо баҳои миёна ҷамъбаст кардааст.
  Зикр шуд, ки Раёсати донишкада тасмим гирифтааст, ки боз 2 кафедра ташкил намуда, аз рӯи 14 ихтисос 350 нафар донишҷӯро барои солҳои таҳсили 2014-2015 қабул намояд.    
 
 
 
 
 

Февраль 3, 2014 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад