Ташкили 14 ихтисоси нав дар ДДСТД
Душанбе, 03.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз бо иштироки ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (ДДСТД) Ҷамшед Ғаниев баргузор гардид, зикр шуд, ки дар донишкада 2 факулта -факултаи Санъати тасвирӣ ва факултаи Дизайн ташкил шудааст.
Тибқи иттилоъ, дар айни замон дар донишкада 188 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад. Раванди таълим ва низоми машғулиятҳо тибқи санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
Ҷамшед Ғаниев изҳор дошт, ки аз 89 нафар донишҷӯе, ки дар факултаи Санъати тасвирӣ фаъолият менамояд, 11 нафараш сессияро бо баҳои аъло, 38 нафар бо баҳои хубу аъло, 11 кас бо баҳои миёна ҷмъбаст кардааст. 54 донишҷӯ аз фанҳои гуногун қарздор мебошад.
Дар факултаи Дизайн ҳамагӣ 99 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад, ки аз он 23 нафарашон сессияро бо баҳои хубу аъло, 16 нафар бо баҳои миёна ҷамъбаст кардааст.
Зикр шуд, ки Раёсати донишкада тасмим гирифтааст, ки боз 2 кафедра ташкил намуда, аз рӯи 14 ихтисос 350 нафар донишҷӯро барои солҳои таҳсили 2014-2015 қабул намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






