Ташвиқи муҳоҷирати бехатар

Февраль 14, 2014 09:46

Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, созмонҳои байналхалқӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ вобаста ба муҳоҷирати бехатар дар байни аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботӣ мебарад. 
Дар робита ба ин,  11 феврали соли 2014 дар байни раёсат ва филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» дар шаҳри Хуҷанд оид ба ташкил ва гузаронидани семинарҳои якҷоя дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти як силсила шаҳру ноҳияҳо, аз қабили Исфара, Конибодом, Истиқлол, Қайроққум, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристон созишномаи дуҷониба ба имзо расид.
Тавре ки  аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, тибқи нақша чорабиниҳои маърифатии муштарак аз санаи 18 феврали соли равон оғоз ёфта, то 22 апрел давом ёфтанд. Дар маҷмӯъ гузаронидани зиёда аз 50 семинар ба нақша гирифта шудааст.
 
 
 
 
 
 

Февраль 14, 2014 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад