Таъсиси грантҳо барои ҳунарҳои миллӣ
Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо дастур ва супоришҳои пайвастаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бобати дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ бо ташаббуси Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуданд.
Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, маблағи умумии грантҳо 55 ҳазор сомонӣ буда, 5 грант ҳар яке 5000 сомонӣ барои рушди ҳунари дастии қолинбофӣ, 5 грант ҳар яке 3000 сомонӣ барои рушди ҳунари сӯзанидӯзӣ ва 5 грант ҳар яке 3000 сомонӣ барои рушди ҳунари адрасбофӣ таъсис ёфт.
Зикр гардид, ки барои иштирок дар озмун танҳо ба занҳои ҳунарманд ва соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеии шаҳр, ки фаъолияташон ба дастгирии рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ нигаронида шудааст, иҷозат дода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






