Таваҷҷуҳ ба маърифатнокии ҷавонон
Кӯҳистони Мастчоҳ. 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Солҳои охир дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба маърифатнокӣ ва касбомӯзии насли ҷавон аҳамияти хосса медиҳанд.
Бино ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соли гузашта 42 нафар ҷавон пас аз хатми макотиби олии пойтахт барои кор ба ноҳия баргашт.
Бояд ёдовар шуд, ки дар айни замон аз ин ноҳия 280 нафар дар мактабҳои олии кишвар таҳсил дорад, ки 94 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, соли 2013 тибқи квотаи Президентӣ 22 нафар ба мактабҳои олии пойтахт ва 4 нафар тибқи шартномаи байнидавлатӣ ба макотиби олии Ҷумҳурии Қирғизистон дохил шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






