Таваҷҷуҳи соҳибкорони Чин ба Тоҷикистон
Душанбе, 24.02.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим чанде қабл бо доираи васеи соҳибкорони музофоти Чинхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Сардори шуъбаи маҷмӯӣ ва иттилооти ин кумита Бахтиёр Назурдинов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Қодири Қосим дар мулоқот оид ба вазъи кунунии фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, бахусус оид ба раванди ҷалби сармоя, ҷараёни хусусигардонӣ, фароҳам овардани фазои соҳибкорӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷабҳа байни Тоҷикистону Чин муфассал маълумот дод. Аз ҷумла, зикр гардид, ки Тоҷикистон ва Чин шарикони стратегӣ ва дар ҳама ҳолат дўстони боэътимоданд.
Зикр гардид, ки дар айни ҳол дар Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ва рушди боэътимоди соҳибкорӣ тамоми шароит муҳайёст. Аз ҷумла, қоидаҳои ба ин самт дахлдошта ба дараҷаи зарурӣ содда шудаанд. Қонунгузории мамлакат баробарии ҳуқуқ ва имтиёзҳои соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷиро таъмин менамояд.
Соҳибкорони чинӣ иброз доштанд, ки муносиботи Тоҷикистону Чин решаҳои қадимӣ дошта, убури «Роҳи абрешим» аз ин кишвар ба муносиботи дуҷониба такони тоза мебахшад. Эшон аз ошноии Қ. Қосим оид ба вазъи кунунии иқтисодии Чин, бахусус Чинхай изҳори хушнудӣ карда, ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои ҳасана бо соҳибкорони тоҷик изҳори омодагӣ намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот аз рӯи натиҷаҳои он Ёддошти тафоҳум ба имзо расида, инчунин мулоқоти доираи васеи соҳибкорони тоҷику чинӣ доир гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






