Таваҷҷуҳи соҳибкорони турк ба Тоҷикистон
Анқара, 20.02.2014. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). ¬ — Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов 16 феврали соли 2014 бо соҳибкорон ва саноатчиёни аъзои ассотсиатсияи “GESIAD” дар Анқара вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот соҳибкорон ва сармоягузорон ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот, тартиб ва шароити кушодани корхонаи муштарак таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, қарор қабул карданд, ки моҳҳои наздик ҷиҳати шиносоӣ бо фазои сармоягузории Тоҷикистон ба Душанбе сафар намоянд. Дар ин бора ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» аз сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.
“GESIAD” ассотсиатсияи саноатчиён ва соҳибкорони Гебзе соли 1993 таъсис ёфта, дар минтақаи саноатии Гебзе ҷойгир шудааст. Дар ин минтақаи саноатӣ 2000 корхонаи хурду калони истеҳсолӣ фаъолият менамояд ва дар он зиёда аз 15% маҳсулоти саноатии Туркия истеҳсол мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






