Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи андоз
Душанбе, 13.02.2014 (АМИТ «Ховар», Ашӯрмадзода Фарзона).- Дирӯз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи кории ҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017» ва ташкили Шабакаи ягонаи иттилоотӣ байни вазорату идораҳо баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи андоз хабар доданд, дар ҷараёни нишаст гурӯҳи корӣ тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки дар якҷоягӣ бо Маркази технологияҳои итилоотӣ ва коммуникатсионии дастгоҳи иҷроияи Президент ва вазорату идораҳои дахлдор то 1-уми апрели соли равон барўйхатгирии дубораи иқтидорҳои технологияҳои иттилоотии онҳоро муайян намуда, то охири нимсолаи аввали соли ҷорӣ лоиҳаи «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2014-2017» ва маълумот оид ба андозбандиро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба масъалаҳои мазкур иштирокчиёни вохўрӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору супоришҳои мазкур пешниҳодҳои худро иброз намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






