Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи андоз

Февраль 13, 2014 10:46

Душанбе, 13.02.2014 (АМИТ «Ховар», Ашӯрмадзода Фарзона).- Дирӯз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи  Гурӯҳи кории ҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017» ва ташкили Шабакаи ягонаи иттилоотӣ байни вазорату идораҳо баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи андоз хабар доданд, дар ҷараёни нишаст гурӯҳи корӣ тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки дар якҷоягӣ бо Маркази технологияҳои итилоотӣ ва коммуникатсионии дастгоҳи иҷроияи Президент ва вазорату идораҳои дахлдор то 1-уми апрели соли равон барўйхатгирии дубораи  иқтидорҳои технологияҳои иттилоотии онҳоро муайян намуда, то охири нимсолаи аввали соли ҷорӣ лоиҳаи «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2014-2017» ва маълумот оид ба андозбандиро таҳия ва пешниҳод намоянд. 
Гуфта мешавад, ки вобаста ба масъалаҳои мазкур иштирокчиёни вохўрӣ  фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору супоришҳои мазкур пешниҳодҳои худро иброз намуданд. 
 
 
 
 
 

Февраль 13, 2014 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш