Телефонҳои қочоқӣ мусодира мешаванд

Февраль 12, 2014 13:40

Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Мувофиқи маълумоти расмии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, дар ҷараёни тафтишоти кормандони гумрук 350 телефони мобилӣ ошкор намуда ва аз фурӯш бароварда шуд. Аз моҳи декабри соли гузашта инҷониб дар пойтахти Тоҷикистон чунин чорабиниҳо роҳандозӣ мешаванд. Қобили зикр аст, ки телефонҳо бидуни мавҷудияти ҳуҷҷатҳои расмӣ ба фурӯш бароварда шуда буданд.Тавре,ки аз Хадамоти гумрук хабар доданд, барои ошкор ва мусодира намудани амволи қочоқӣ дар тамоми ҳудуди кишвар чунин чорабиниҳо рӯи кор оварда мешаванд.

Февраль 12, 2014 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш