Тоҷиддин 13 кг бангдонаро куҷо мебурд?

Февраль 24, 2014 10:45

Душанбе, 24. 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия, бо гумони даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сокини пойтахт шаҳрванд Тоҷиддин Зоидов, соли таваллудаш 1975 дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови хонаи истиқоматии дастгиршуда, 13 килограмму 830 грамм маводи нашъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи далели мазкур бо моддаи 200 қисми 4-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Февраль 24, 2014 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад