Тоҷикистон ба ҷашнвораи мусиқӣ даъват шуд
Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Тоҷикистон барои иштирок дар Ҷашнвораи 1У байналмилалии мусиқии кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, ки аз 26 июн то 4 июли соли 2014 дар Красноярск баргузор мегардад, даъват шудааст. Дар ин бора намояндаи расмии Сафорати ҶТ дар ФР М.Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Назар ба иттилои манбаъ, мактуби расмии ҳокими кишвари Красноярск Лев Кузнетсов аз рӯи ин масъала ба унвони сафири ҶТ дар ФР Абдулмаҷид Достиев расидааст. Дар мактуб гуфта мешавад, ки ҷашнвораи пешорӯ муколамаи фарҳанги халқҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором ба шумор рафта ва он бо дастгирии Вазорати фарҳанги ФР, иштироки фаъолонаи Вазорати корҳои хориҷии ФР таҳти васояти Комиссияи Федератсияи Русия оид ба умури ЮНЕСКО баргузор гардида, яке аз чорабиниҳои калонтарини фарҳангӣ дар Осиё маҳсуб меёбад. Барномаи ҷашнвора иборат аз ҷанбаҳои мухталифи санъати анъанавии халқ ва мусиқии муосир мебошад.
«Намояндагони кишвари Красноярск изҳори умедворӣ намуданд, ки Тоҷикистон дар ин ҷашнвора ба таври шоиста ширкат мекунад. Пешниҳод шудааст, ки дар ҳошияи ҷашнвора намоишгоҳи осори нависандагону шоирони ҷумҳурӣ ташкил гардад», — гуфт М.Эгамзод.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






