Тоҷикистон ба ҷашнвораи мусиқӣ даъват шуд

Февраль 14, 2014 15:16

Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабо  Зунунова).-  Тоҷикистон  барои   иштирок дар   Ҷашнвораи  1У  байналмилалии  мусиқии  кишварҳои  минтақаи   Осиё  ва  уқёнуси  Ором, ки  аз  26  июн  то  4  июли  соли  2014   дар Красноярск  баргузор  мегардад,  даъват  шудааст.  Дар  ин  бора  намояндаи  расмии   Сафорати  ҶТ  дар  ФР  М.Эгамзод  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод.
 
Назар ба  иттилои  манбаъ, мактуби  расмии  ҳокими  кишвари  Красноярск  Лев Кузнетсов  аз  рӯи  ин  масъала   ба  унвони   сафири  ҶТ  дар  ФР  Абдулмаҷид  Достиев  расидааст. Дар  мактуб   гуфта  мешавад, ки  ҷашнвораи  пешорӯ   муколамаи  фарҳанги   халқҳои минтақаи  Осиё  ва  уқёнуси  Ором  ба  шумор  рафта ва он бо  дастгирии Вазорати  фарҳанги ФР,  иштироки  фаъолонаи   Вазорати  корҳои  хориҷии  ФР  таҳти васояти  Комиссияи  Федератсияи  Русия  оид ба  умури  ЮНЕСКО   баргузор  гардида,   яке  аз   чорабиниҳои  калонтарини  фарҳангӣ  дар  Осиё  маҳсуб  меёбад. Барномаи  ҷашнвора  иборат  аз  ҷанбаҳои  мухталифи   санъати  анъанавии  халқ ва  мусиқии  муосир  мебошад.
 
 
«Намояндагони  кишвари  Красноярск  изҳори  умедворӣ  намуданд, ки  Тоҷикистон  дар  ин  ҷашнвора  ба таври  шоиста ширкат  мекунад. Пешниҳод  шудааст, ки дар ҳошияи  ҷашнвора  намоишгоҳи  осори   нависандагону  шоирони  ҷумҳурӣ ташкил  гардад», —  гуфт М.Эгамзод.

Февраль 14, 2014 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд