Тоҷикистон дар феҳристи нави ФИФА боз се зина боло шуд

Февраль 14, 2014 14:32

Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар»,Ситораи Боймурод).- Тоҷикистон дар феҳристи нави ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол), бо 285 имтиёз се зина боло шуд ва дар мақоми 110-ум қарор дорад.
Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 14-ум ва миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар зинаи 11-ум мебошад ва аз Латвия (111), Қазоқистон (128), Туркманистон (129) ва Қирғизистон (148) боло ҷойгир шудааст. Дастаҳои мунтахаби Украина (18), Русия (22), Арманистон (30), Ӯзбекистон (57), Беларус (82), Эстония (91), Озарбойҷон (93), Литва (102),  Гурҷистон (103) ва Молдова (107) пеш аз Тоҷикистон қарор гирифтаанд. 
Тавре ки дар ин бора  Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар охирин бозиаш, ки дӯстона буд, рӯзи 15-уми октябри соли гузашта дар шаҳри Бишкек бар мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 4-1 ғолиб омад. Ба гуфтаи Муҳаммадиев, имсол 7 бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. 
 
 

Февраль 14, 2014 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд