Тоҷикистон соҳибкорони Свердловскро ба худ ҷалб кард

Февраль 26, 2014 11:46

Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).-  25  феврал дар  шаҳри  Душанбе Вазири  саноат ва  технологияҳои нави  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Шавкат  Бобозода бо  ҳайати  вилояти Свердловск  мулоқот  намуд. 
 
Тавре  ки   аз  маркази  матбуоти  Вазорати   саноат ва технологияҳои нави  ҶТ  ба   АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, мулоқот  ибтидои  расидан ба  мақсадҳои  муайяншуда   дар  ҳошияи   ҷаласаи  Комиссияи  байниҳукуматии  Тоҷикистону   Русия  ба  манзури   рушду тақвияти  ҳамкории аҳли тиҷорати  ҳар  ду  кишвар   ба шумор  меравад. 
 
«Ҳадафи  мулоқот бо бозори  Тоҷикистон   шинос  шудани  ширкатҳои  Русия  ва  омӯхтани  имкониятҳои  кишвар  аст», —  гуфт Шавкат  Бобозода.  Мавсуф  ҳамчунин  меҳмононро   аз  имкониятҳои  сармоягузорӣ  ва   имтиёзҳои  сармоягузорони  хориҷӣ  воқиф  намуда,  пешниҳод  кард, ки  имкониятҳои  ҳамкорӣ  дар  риштаи  саноат,  аз  ҷумла  дар  саноатҳои  истихроҷи  маъдан,  сабук,  хӯрокворӣ  мошинсозӣ, истеҳсоли  маводи  сохтмонӣ,  коркарди  маҳсулоти  кишоварзӣ  ва  истифодаи  технологияҳои  нав   дар  комплекси  саноатии  Тоҷикистон  баррасӣ  шаванд.
 
Вазир  аз  натиҷаи  мулоқот  изҳори  қаноатмандӣ  карда,  изҳор  дошт, ки  хамкорӣ  бо  ҳамтоёни  вилояти  Свердловск  дар  соҳаҳои  дигари тиҷорату  иқтисодиёт  рушду  густариш  хоҳад  ёфт. 

Февраль 26, 2014 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад