Тоҷикистон соҳибкорони Свердловскро ба худ ҷалб кард
Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 25 феврал дар шаҳри Душанбе Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо ҳайати вилояти Свердловск мулоқот намуд.
Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мулоқот ибтидои расидан ба мақсадҳои муайяншуда дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия ба манзури рушду тақвияти ҳамкории аҳли тиҷорати ҳар ду кишвар ба шумор меравад.
«Ҳадафи мулоқот бо бозори Тоҷикистон шинос шудани ширкатҳои Русия ва омӯхтани имкониятҳои кишвар аст», — гуфт Шавкат Бобозода. Мавсуф ҳамчунин меҳмононро аз имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои сармоягузорони хориҷӣ воқиф намуда, пешниҳод кард, ки имкониятҳои ҳамкорӣ дар риштаи саноат, аз ҷумла дар саноатҳои истихроҷи маъдан, сабук, хӯрокворӣ мошинсозӣ, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи технологияҳои нав дар комплекси саноатии Тоҷикистон баррасӣ шаванд.
Вазир аз натиҷаи мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор дошт, ки хамкорӣ бо ҳамтоёни вилояти Свердловск дар соҳаҳои дигари тиҷорату иқтисодиёт рушду густариш хоҳад ёфт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






