Уфуқи нави ҳамкорӣ бо Русия
Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муроҷиати ширкати сохтмонӣ ва сармоягузории “Торговый Дом Сигма”- и шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Русия аз 15 январи 2014 ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатиро мариди омӯзиш қарор дод.
Субъектҳои хоҷагидорӣ ин масъаларо мавриди таҳлил қарор дода, ширкатҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Биржаи меҳнатии ҷавонон”, Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди“Муҳоҷир”, “Бунёд-2013”, “Антарес” ва “Олами саёҳат” розигии худро оид ба бастани шартномаҳои ҳамкорӣ доданд.
Тавре ки аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, ҷиҳати бастани шартномаҳои дуҷониба байни ширкатҳои мазкур ва ширкати сохтмонӣ ва сармоягузории “Торговый Дом Сигма”- и Санкт — Петербург корҳои омодагӣ идома доранд. Дар ҳолати бастани шартномаҳои дуҷониба муҳоҷирони меҳнатӣ расман дар ин ширкат бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.
ҶДММ “Муҳоҷир” ба интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар машғул буда, соли ҷорӣ барои таъмини 200 нафар бо корҳои мавсимӣ байни савхози “Карповский”-и ноҳияи Городишенскии вилояти Волгогради Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ҷиҳати таъминот бо кор баста шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






