Усули нави интиқоли маводи нашъадор

Февраль 24, 2014 11:59

 Хоруғ, 24.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Кормандони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Бадахшон бо усули нави интиқоли маводи мухаддир аз сӯи қочоқбарони афғон рӯ ба рӯ шуда ва сари вақт онро ҷилавгирӣ намуданд. Ин дафъа қочоқбарон барои пешгирӣ аз боздошти худ ба воситаи фалахмон як бастаи селофании нашъадорро ба ин сӯи рӯдхонаи Панҷ,  яъне ҷониби Тоҷикистон ҳаво доданд. Аммо чашмашон ба кормандони раёсати амнияти миллӣ афтода, зуд маконашро тарк намуда, ба кӯҳу пушта фирор карданд. 
      Ҳангоми ҷустуҷӯ дар соҳили дарё кормандони раёсати амниятӣ чаҳор бастаи маводи мухаддирро пайдо намуданд. Маводи кашфшуда тахминан як килограмму 800 граммро ташкил дод.
 
 

Февраль 24, 2014 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад