Усули нави интиқоли маводи нашъадор
Хоруғ, 24.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Кормандони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Бадахшон бо усули нави интиқоли маводи мухаддир аз сӯи қочоқбарони афғон рӯ ба рӯ шуда ва сари вақт онро ҷилавгирӣ намуданд. Ин дафъа қочоқбарон барои пешгирӣ аз боздошти худ ба воситаи фалахмон як бастаи селофании нашъадорро ба ин сӯи рӯдхонаи Панҷ, яъне ҷониби Тоҷикистон ҳаво доданд. Аммо чашмашон ба кормандони раёсати амнияти миллӣ афтода, зуд маконашро тарк намуда, ба кӯҳу пушта фирор карданд.
Ҳангоми ҷустуҷӯ дар соҳили дарё кормандони раёсати амниятӣ чаҳор бастаи маводи мухаддирро пайдо намуданд. Маводи кашфшуда тахминан як килограмму 800 граммро ташкил дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






