«Ваҳдатовар»-маҷмӯаи ёддоштӣ

Февраль 26, 2014 15:02

Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби Назруллои Абдулваҳҳоб ва Умари Шерхон таҳти унвони «Ваҳдатовар» муаррифӣ гардид.«Ваҳдатовар» маҷмӯаест, ки аз боби рӯзгор ва пайкори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ёди рӯзҳои пурталотум, оғози фаъолияти меҳнатии Президенти Тоҷикистон ба сифати роҳбари кишвари тоҷикон ва нақши арзандаи эшон дар боби сулҳофарӣ ва эъмори ваҳдат дар Тоҷикистон нақл мекунад.Муаллифи китоб Назруллои Абдулваҳҳоб зикр намуд, ки дар бораи фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон китобу маҷмӯаҳо, мақолаву очеркҳо фаровон ба табъ расидаанд. Дар китоби мазкур фаъолияти серҷабҳаи ин марди замон меравад ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани сулҳу созиши миллӣ дар Тоҷикистон, таҳкими истиқлолият ва татбиқи ислоҳоти муҳими таърихӣ рӯи қоғаз оварда шудааст. Дар ҷамъомад олимон, адибон, нависандагон, мухаққикон, рӯзноманигорони шинохтаи кишвар иштирок намуда, атрофи китоби мазкур табодули назар карданд. Китоби «Ваҳдатовар» дар ҶДММ«Эр-граф» бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расидааст.

Февраль 26, 2014 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш