Вакилон таҳсили русҳоро дар мактабҳои экстремистӣ манъ намуданд
Душанбе, 4.02.2014. (АМИТ «Ховар»). — Вакили Думаи давлатӣ Михаил Маркелов ташкил намудани рӯйхати мактабҳои рӯҳии хориҷӣ, хатмкунандагоне, ки ба Русия бар мегарданду ба«фаъолияти зиддиҳуқуқӣ машғуланд» пешниҳод намуд, хабар медиҳад РИА «Новости».
Ба донишҷӯёне, ки қарори таҳсил дар мактабҳои олии аз ин рӯйхатро доранд, «ворид шудан ба ҳудуди Русия метавонад маҳдуд бошад», меҳисобад вакил. Айнан чӣ тавр ин маҳдудият амалӣ мешавад, Маркелов таъкид накард. Тибқи моддаи 27-и Сарқонуни Федератсияи Русия шаҳрвандони Русия ҳуқук доранд бе монеа ба кишвар баргарданд.
«Шакли ғайрианъанавии оғози исломро онҳо(донишҷӯён) дар мактабҳои алоҳидаи таълимии Арабистони Саудӣ, Покистон, Қатар, Туркия, Миср-инҳо мактабҳои маъруфанд, аз худ мекунанд»,- суханони вакилро меорад АИР «Новости».Бо ишора ба шакли ғайрианъанавӣ Маркелов салафизмро дар назар дорад. Вакил мепиндорад, ки «шарҳи озоди Қуръон маҳз ба пур шудани сафи ба истиллоҳ, «бародарони ҷангалӣ» аз ҳисоби ҷавонон» оварда мерасонад.
Рӯйхати умумифедералии мактабҳо, ки барои таҳсил тавсия дода намешавад, бояд бо иштироки Вазорати маориф ва илм ва Хадамоти махсуси Русия ташкил шавад, мепиндорад Маркалов. Ба ақидаи вакил, ташкили рӯйхат имкон медиҳад, ки «бо кадом роҳе маълумоте, ки мардуми мо, махсусан намояндагони ҷумҳуриҳои Қафқоз ба хориҷ рафта мегиранд, танзим шавад».
Единорос Михаил Маркелов муовини аввали Раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ мебошад. Дар охири соли 2013 вай дар оғоз талаб намуда буд нисбат ба муассиси «ВКонтакте” Павел Дуров аз рӯи суратҳои теракт дар Волгоград, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода шуда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз шавад, сипас аз Прокуратураи генералӣ дархост намуд, ки ҷамъияти МDK барои экстремизм мавриди санҷиш қарор дода шавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






