Вазири маориф рӯзҳои якшанберо дарсӣ эълон намуд
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо қарори вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ҳуқуқиашон рӯзҳои истироҳатӣ низ дарсӣ эълон гардид.
Ба иттилои Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ қарори мазкур дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ҳафтаи аввали моҳи феврал дар пайи сард гаштани обу ҳавои кишвар дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо қарори вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов истироҳат эълон гардида буд
Бояд гуфт, ки тамоми раҳбарияти шуъбаҳои маорифи кишвар дастур гирифтаанд, ҷадвали дарсҳои иловагиро тартиб дода, дар рӯзҳои истироҳатии ҳафта низ ба донишомӯзон дарс гузашта, рӯзҳои истироҳатиро дар нимсолаи дуюм ҷуброн намоянд.
Ба гуфти Маҳмудхон Шоев, сухангӯи вазорат макотиби миёнае, ки имкони гузаштани дарсҳои иловагиро дар рӯзҳои дарсӣ доранд, метавонанд, охири ҳафта ба таври муқаррарӣ истироҳат кунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






