Вохӯрии раиси вилояти Хатлон бо сокинони Қубодиён
Қӯрғонтеппа, 11.02.2014. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов бо сокинони ноҳияи Қубодиён вохӯрд.Тавре ки аз шуъбаи иттилоот ва таҳлили маъмурияти вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин вохӯрӣ дар ҳошияи рӯзҳои қабули шаҳрвандон сурат гирифт.Сокинони ноҳия ба раиси вилоят аз рӯи масоили ҷудо кардани қитъаҳои замин, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, дастгирӣ барои анҷом додани сохтмони мактаб ва маркази хидматрасонии тиббӣ муроҷиат намуданд.Давлатшо Гулмаҳмадов ба ҳамаи саволҳои муроҷиаткунандагон посух ва ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки барои вақтҳои наздиктарин ҳал шудани проблемаҳо мусоидат кунанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






