Вохӯрии Шерхон Салимзода бо Хуан Мендез

Февраль 13, 2014 16:28

 
Душанбе, 13.02.2014. (АМИТ “Ховар”).-11 феврали соли 2014 ҳайати намояндагии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода бо маърӯзагари вежаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба шиканҷа Хуан Мендез вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохӯрӣ Прокурори генералӣ гуфт, ки пас аз ташрифи қаблии Хуан Мендез  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ тадбирҳои зиёде дар самти пешгирии шиканҷа ва дигар муносиботи бераҳмона андешида шуданд.
Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои миллӣ оид ба иҷрои тавсияҳои додашуда таҳия гардида, бисёр тавсияҳо  аллакай иҷро шуданд. Аз ҷумла, тавсия дода шуда буд, ки дар сатҳи роҳбарияти аввали мақомоти давлатӣ, бахусус ҳифзи ҳуқуқ оид ба таҳаммулнопазирӣ нисбат ба шиканҷа изҳоротҳои расмӣ  пахш карда  шавад.
Ин буд, ки 10 ноябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханронии худ дар Рӯзи милитсия, ки роҳбарони ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ иштирок доштанд, зикр кард, ки: «Ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  дар ягон маврид ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани қадру қимати инсонро надорад. Аз ин лиҳоз аз роҳбарияти ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда мешавад, ки  ҷиҳати огоҳии пурраи кормандон аз талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ чорабиниҳои омӯзиширо  тақвият бахшида,  доир ба ҳар як ҳолати қонунвайронкунӣ аз ҷониби кормандон   қарорҳои қатъӣ қабул намоянд».
24 октябри соли 2012 бо фармоиши якҷояи прокурори генералӣ, вазири корҳои дохилӣ, вазири адлия, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва директорони агентиҳои мубориза бо коррупсия ва назорати маводи нашъаовар дастурамал «Дар бораи дастгиркунӣ» тасдиқ  шуд, ки дар он изҳороти расмии роҳбарони аввали ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба қатъиян нораво будани шиканҷа таъкид шуда, чораҳои пешгирии шиканҷа  нишон дода шуданд.
Дар ҳамин раванд 31 январи соли 2014 аз тарафи Прокурори генералӣ Дастур «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, баррасии холисонаи муроҷиатҳои шаҳрвандон, бахусус дар мавриди таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳо»  ба имзо расонида шуд.
Дар ин дастур тавсияҳои зерин ҳалли худро ёфтаанд:
1) аз лаҳзаи воқеан дастгир намудани шахс ҳисоб карда шудани вақти дастгиркунӣ;
2) ному насаби шахсони дар дастгиркунӣ иштирокнамударо қайд кардан;
3) муоинаи  бетаъхири тиббии дастгиршуда;
4) дастрасӣ ба ҳимоятгар;
5) сари вақт хабардоркунии хешовандони онҳо;
6) таҳти санҷишу тафтиш қарор додани ҳолатҳои маълумшудаи истифодаи шиканҷа новобаста аз ворид шудан ё нашудани арзу шикоят;
7) таъмини тафтишоти фаврӣ ва беғаразонаи парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба истифодаи шиканҷа;
8) муайян намудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани  иҷрокунандагони бевоситаи чунин амалҳо  ва роҳбарони онҳо;
9) барои  ғайрирасмӣ  дастгир кардани шаҳрвандон, сохтакорӣ намудани вақти дастгиркунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани сардорони шуъбаҳои милитсия, муфаттишон ва кормандони фаврӣ.
Айни замон тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатии ҳама шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе  бо камераҳои мушоҳидавӣ таҷҳизонида шуда, ҷиҳати бо ҳамин гуна камераҳо таҷҳизонидани тавқифгоҳҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо чораҳо андешида шуда истодаанд.
Оид ба пешгирии шиканҷа аз тарафи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Суди конститутсионӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷояги бо намояндагии Комиссариати Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ беш аз 60 вохӯриву семинарҳо гузаронида шуданд.
Ҳоло дар назди Прокуратураи генералӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо гуруҳи корӣ дар бораи баррасии чунин тавсияҳо, ба монанди бо роҳи тағйир додани қисми 1 моддаи 1431 КҶ ҶТ пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шиканҷа; дар КМҶ ҶТ кам кардани муҳлати 12-соатаи аз дастгиркунӣ хабардор намудани хешовандон; аз КМҶ хориҷ кардани меъёрҳо оид ба қатъ намудани парвандаҳои ҷиноятии марбут ба шиканҷа бо сабаби татбиқи афв, пушаймонӣ аз кирдор, оштӣ шудан бо ҷабрдида, тағйир ёфтани вазъият ва гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан; дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ такмил додани муқаррарот оид ба ҷуброни зарари ҷабрдидагон аз шиканҷа; тезонидани расмиёти ба тасвиб  расонидани Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва таъсис додани Механизми миллии пешгирии шиканҷа ва таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани чунин тағйироту иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи тартиб ва шароитҳои  дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»  таъсис дода шудааст.
Бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, бахусус дар раванди таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳо бо қарорҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи  генералӣ дар солҳои 2013-2014 яке аз самтҳои афзалиятноки  назорати прокурорӣ ҳисобида шудааст.
Ҳамчунин ҳадафи ҷилавгирӣ аз шиканҷа, Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  25 июни соли 2012 таҳти  №1  қарор «Дар  бораи  татбиқ  намудани  меъёрҳои  қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»-ро қабул намуд. Дар қарори Пленуми Суди Олӣ тавсияҳо бобати дар протоколи дастгиркунӣ дуруст нишон додани вақти дастгиркунии воқеӣ; вайрон накардани мӯҳлати 3-соатаи тартиб додани протоколи дастгиркунӣ ва муҳлати 72-соатаи дастгиркунӣ бе  иҷозати суд ба инобат гирифта шудаанд.
Чораҳои андешидашуда оид ба пешгирии шиканҷа самара дода, ба ҷиддан кам шудани арзу шикоятҳо ва ҳолатҳои воқеии истифодаи шиканҷа мусоидат намуданд.
  Чунончи, дар соли 2012 ба мақомоти прокуратура 22 арзу шикоят оид ба шиканҷа ва дигар навъ зӯроварӣ аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дохил шуда, аз натиҷаи санҷиши онҳо 9 парвандаи ҷиноятӣ оғоз  шуда буд. Аз инҳо 7 парвандаи ҷиноятӣ бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол карда шуда, 1 парванда қатъ (бинобар исбот нашудани гунаҳгорӣ) ва 1 парвандаи ҷиноятӣ боздошта шудааст (бинобар муайян нашудани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад).
Дар соли 2013 ба мақомоти прокуратураи ҳамагӣ 16 арзу шикоят дохил шуда, 4 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла 2 парванда бо моддаи 1431 (шиканҷа) ва 2  парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 316 қ.3 банди «а» КҶ ҶТ (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он) оғоз карда шудааст. То ин дам 3 парвандаи ҷиноятӣ бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол карда шуда, гунаҳгорон маҳкум карда шудаанд. Ҳол он ки соли 2010 — 48 ва соли 2011 — 26 арзу шикоят оид ба шиканҷа ворид шуда буд ва мувофиқан 13 ва 12 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда буданд. Аз ҷумла, баъди ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012 ворид намудани моддаи 1431  бо ин модда 4 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол ва гунаҳкорон маҳкум карда шуданд.
 
 
Маркази ахбори Прокуратураи
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
 
 

Февраль 13, 2014 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст