Воридоти маҳсулот нархи бозорҳоро арзон мекунад
Қумсангир, 13.02.2014(АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторӣ).-Воқеан ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва бунёди боғҳои нав дар хоҷагиҳо барои арзонии меваю сабзавот дар бозорҳо таъсири худро мерасонад. Дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба ин масъала диққати ҳамаҷониба дода мешавад. Содироти сабзавот дар ин ҷо хуб ба роҳ монда шуда, ба ҳамаи бозорҳои маркази вилоят ва пойтахти кишвар махсулот фиристода мешавад. Дар хоҷагии деҳқонии «Гулбаҳор», ки дар ихтиёри худ 10 га замин дорад, 1100 бех олу, 750 бех бодом, 650 бех зардолу парвариш меёбад.
Тавре ки роҳбари хоҷагии номбурда Зубайдулло Хайруллоев иброз дошт, ғайр аз ин дар хоҷагӣ пиёзу картошка, сабзӣ, гандум, тарбуз ва харбуза парвариш меёбад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






