Вуруди технологияи олмонӣ ба Суғд
Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбари Бонки Рушди Олмон (КfW) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристин Лаабсро, ки бо сафари кории дурӯза ба вилоят ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат зикр гардид, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои хуб дар заминаи коркарди пахта ва саноати сабук буда, дар ин замина метавон ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ монд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд Кристин Лаабс гуфт, ки иқдомоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо самти фаъолияти Бонки Рушди Олмон (КfW) ҳамоҳанг аст ва дар ин росто ҳамкориҳои бештар ба роҳ монда хоҳанд шуд.
Ба иттилои манбаи марбута дар мулоқот ҳамчунин пешниҳод шуд, ки Бонки Рушди Олмон (КfW) барои вуруди технологияҳои ҷадид ба беморхонаи вилоятӣ мусоидат намояд. Ин пешниҳод қабул гардид ва Кристин Лаабс тасмим гирифт, ки бо фаъолияти беморхонаи вилоятӣ шинос гардад.
Мавриди зикр аст, ки Кристин Лаабс зимни ин сафар ҳамчунин аз Маркази вилоятии мубориза бар зидди бемориҳои сил, воқеъ дар ҷамоати Деҳмой, минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва ҷамъияти саҳҳомии “Зиннат” дидан хоҳад кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






