Вусъати корҳои сохтмонӣ дар бозори Кӯлоб
Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).-«То имрӯз 90 фоизи корҳои сохтмонӣ дар бозори шаҳри Кўлоб, ки дар он ҷо шаби 12 ба 13 январи соли равон сўхтор ба амал омада, қисмати асосии бозорро пурра нест кард, анҷом ёфтаанд», — иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот».
Тибқи иттилои манбаъ, дар айни ҳол корҳои рангубор ва тозакунии атрофи бозор мондаанд, ки рӯзҳои наздик ба итмом мерасанд.
Ёдовар мешавем, ки бозори шаҳри Кўлоб тобеи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» буда, баъд аз сӯхтор раиси он Сироҷиддин Валиев қарор қабул намуд, ки бозори мазкур дар кўтоҳтарин муҳлат, то ҷашни Наврўз пурра ва дар шакли таҷдидгардидаи замонавӣ ба истифода дода мешавад.
Инак, Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот тавонист бо сафарбар намудани ташкилоту муассисаҳои тобеи худ аз Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ кори тақрибан солонаро дар якуним моҳ анҷом диҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






