Заҳролудшавии 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав
Душанбе, 07.02.2014.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Шаш муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон 5 феврал дар вақти обкашӣ аз чоҳи канализатсионӣ дар қисми ҷанубии Маскав бо аломати захҳролудшавии газ дар муассисахои тиббии пойтахти Русия бистарӣ гардиданд.
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон муайян намуд, ки аз шаш зарардида Э. Шукуров, Б. Олимов, Н. Ҳамидов, дар пажӯҳишгоҳи ба номи Склифасовской , се нафари дигар дар Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 ш. Маскав бистарӣ шудаанд.
Ҳоло ба онҳо ёрии тиббии зарурӣ расонида мешавад.Ҳамаи бистариён дар корҳои гуногуни ташкилоти пудратии ҶСШК «Сити- комплекс» кор менамуданд.
Дар ин бора котиби матбуотии Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Федератсияи Русия Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






