Замин бояд самаранок истифода гардад
Панҷакент, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ). — «Аксар шаҳрвандон аз Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус бобҳои алоҳидаи он огоҳии хуб надошта, дар бисёр ҳолатҳо ҳангоми гирифтани порчаи замин зимни суҳбат бо намояндагони мақомоти маҳаллии давлатӣ бо нофаҳмиҳо рӯ ба рӯ мешаванд», — гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси кумитаи заминсозии шаҳри Панҷакент Саидҷон Шодиев. Мавсуф гуфт, ки дар моддаи 2-и ҳамин кодекс омадааст: «Замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Даъвои заминҳои авлодӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надорад».
«Дар бисёр мавридҳо шаҳрвандон «истифодаи меросии якумраи замин»-ро намедонанд ва баъзан моликияти давлат будани онро фаромӯш карда, замини дар ихтиёрашон бударо «моли бобоӣ», «мероси аҷдодӣ» медонанду бо он ҳар чӣ хоҳанд, мекунанд», — тазаккур дод С. Шодиев.
Ӯ дар идома зикр намуд, ки дар боби 1-и «Қоидаҳои асосӣ», моддаи 12 «Истифодаи меросии якумра»-и ҳамин Кодекс омадааст: — Ба истифодаи меросии якумра замин ба шахсони воқеӣ ва гурӯҳи шаҳрвандон барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва касбҳои анъанавии мардумӣ, инчунин ба шаҳрвандон ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода мешавад. Қитъаҳои замине, ки бо ҳуқуқи истифодаи меросии якумра дода шудаанд, ҳангоми маълум гаштани мерос бояд аз нав ба қайд гирифта шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






