Заминаи омӯзиши алтернативӣ барои ВАО
Душанбе, 20.02.2014. (АМИТ «Ховар»). — Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон 26 феврал ба амалӣ намудани лоиҳаи «Маркази рушди маълумоти журналистӣ» шурӯъ мекунад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз ТҶ «Хома» иттилоъ доданд, мутобиқи тадқиқоти масъулин оид ба бозори телевизионии Тоҷикистон (2012-2013) 90% роҳбарони телевизионҳо зикр намудаанд, ки кормандонашон ба тренингҳо эҳтиёҷ доранд. Бахусус талабот ба тренингҳо оид ба журналистикаи телевизионӣ (зиёда аз 60%), маҳорати наворбардорӣ (қариб 70%) ва дизайнери телевизионӣ (қариб 40%) бештар аст.
Аз ин рӯ лоиҳа омӯзиши 4 гурӯҳи иборат аз журналистон, наворбардорону танзимгарон, дизайнерон ва коргардонҳову равшанидиҳандагонро аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба нақша гирифтааст. Ба омӯзиш зиёда аз 70 нафар довталаб тавассути озмун ҷалб мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи лоиҳа озмун барои маводи беҳтарини телевизионӣ гузаронида мешавад. Ғолибони озмунро сафари омӯзишӣ ба яке аз ширкатҳои телевизионии хориҷӣ интизор аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






