Занони тоҷик муҳаббат ба Ватанро густариш медиҳанд

Февраль 11, 2014 16:41

Душанбе,  11.02.2014. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам).-Рўзҳои 26 — 28 феврали соли ҷорӣ  Ассотсиатсияи занони тоҷикистонӣ, ки дар назди ҷамъияти миллӣ-фарҳангии «Ҳамватанон»-и  тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Русия  фаъолият мебарад, гирди  ҳам меоянд. 
        Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ дар ФР мебошад, -зикр намуд раиси ин ниҳод Муриват Маликшоев.   Занони тоҷикистонӣ фурсат доранд робитаҳои дўстиро тақвият бахшида, меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватанро дар байни муҳоҷирон густариш диҳанд. 
Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ иттилоъ дод.
 
 
 
 
 

Февраль 11, 2014 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш