Зодрӯзи Шоири халқӣ таҷлил мешавад

Февраль 18, 2014 10:54

Душанбе, 18.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Фарзона  Достонзода).- Ба  ифтихори  зодрӯзи  Шоири  халқии  Тоҷикистон  Фарзона  дар  шаҳри  Хуҷанд  симпозиуми байналмилалии  адибон  баргузор  мегардад. 
 
Тавре  ки  аз   хадамоти  матбуоти  раиси   вилояти  Суғд  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, зодрӯзи   шоираи   номии  кишвар бо  қарори  раиси  вилояти  Суғд  соли  ҷорӣ  таҷлил  мегардад. 
 
Ба  ифтихори  ҷашни  шоира  чор  маҷмӯаи  нави  номбурда  аз  чоп  мебарояд. 
 
Хотирнишон  месозем, ки  чорабиниҳо  ба  ифтихори  зодрӯзи  Фарзона  бо  ибтикори  шуъбаи суғдии Иттифоқи  нависандагони ҶТ  сурат  мегирад.

Февраль 18, 2014 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш