110 ҳазор доллари Ҷопон барои таъмири канал

Март 15, 2014 11:12

Хоруғ, 15.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар соли ҷорӣ Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон барои таъмири канали Назаршо Додихудои шаҳри Хоруғ 110 ҳазор доллар ҷудо кардааст. Аз ҳисоби ин маблағ барои таъмири каналҳои ҳудуди шаҳр ба маблағи 42 ҳазор доллар трактор харид шудааст. Ба гуфтаи мутахассисони Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби вилоят сарбанди канал куллан тахриб шуда, барои васеъ кардани дохили канал ва харидории сементу арматур ва анҷоми корҳои таркишӣ ин миқдор маблағ камӣ мекунад.Гуфта шуд, ки маблағи ҷудошуда танҳо барои анҷом додани як қисмати кор кифоят карда, барои пурра таъмиру таҷдиди он боз наздики 42 ҳазор сомонии дигар лозим мебошад. Дар ҳамин ҳол тибқи хулосаҳои мутахассисон барои таъмини сокинони шаҳри Хоруғ бо оби полезӣ аз ҳисоби коргарони корхонаву муассисаҳои дохили шаҳр ва сокинони маҳаллаҳои он анҷоми корҳои таъмиру сохтмонӣ дар назар дошта шудааст.

Март 15, 2014 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд