Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир
Душанбе, 28. 03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД-и ноҳияи Мастчоҳ бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини ҳамин ноҳия Шӯҳратҷон Ризоев, соли таваллудаш 1980 дастгир гардид. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 248 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД-2 ноҳияи Сино бо 890 грамм маводи нашъадори афюн ва 314 грамм ҳашиш шаҳрванд Ҷалил Қаҳҳоров, соли таваллудаш 1962, сокини пойтахт дастгир шуд.
Инчунин зимни чорабиниҳои фаврӣ кормандони милитсия як сокини дигари пойтахт Зулфиқор Саидов, соли таваллудаш 1996-ро дастгир намуданд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 380 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд.
Дар маҷмӯъ маводи нашъадори мусодирашуда 1 кг 832 граммро ташкил дод. Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






