Ғолибони мусобиқа муайян шуданд

Март 11, 2014 11:14

Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқа оид ба шашка ва шоҳмот байни занон ва мардон баргузор гардид. Дар мусобиқа кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, вазорату кумитаҳо ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, дар  он 15 даста бо 60 нафар варзишгар иштирок намуд.
Аз рӯи натиҷаи бозиҳои даставӣ ва ҷоизадорони мусобиқа ғолибиятро дастаи ВКД-2 ба даст оварда, ҷойи дуюмро дастаи ВКД-1 ва ҷойи сеюмро дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ишғол намуд. 
Дар мусобиқа аз намуди шоҳмот дар байни занон ҷойи якумро намояндаи Шӯрои адлия Заррина Фатҳуллоева, ҷойи дуввумро корманди Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Гулмира Хушмамедова ва ҷойи сеюмро хизматчии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Анжела Афғонова соҳиб гардид. Аз ин намуди варзиш байни мардон ҷойи аввалро корманди РБДА ВКД Ҷурабек Паҳлавонов, ҷойи дуюмро хизматчии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Фирӯз Абдураззоқов ва ҷойи сеюмро хизматчии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Неъмат Мирзоев ишғол намуд.
Дар мусобиқаи варзишии шашка байни занҳо ҷойи якумро корманди воҳиди махсуси ВКД Владлена Илченко, ҷойи дуюмро намояндаи КДАМ Фарзона Корвонбекова ва ҷойи сеюмро корманди Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе Лайло Бердибекова соҳиб шуд. Дар бозии шашка ҳамчунин дар байни мардҳо ҷойи якум, дуюм ва сеюмро корманди Ротаи махсуси зудамали назди ВКД Тоҷиддин Маҳмадшарипов, корманди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Фаридун Ҷонов  ва намояндаи телевизиони «Шабакаи аввал» Собир Абдурозиқов соҳиб гардиданд.   
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал, диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
 
 

Март 11, 2014 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад