Ғолибони мусобиқа муайян шуданд
Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқа оид ба шашка ва шоҳмот байни занон ва мардон баргузор гардид. Дар мусобиқа кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, вазорату кумитаҳо ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, дар он 15 даста бо 60 нафар варзишгар иштирок намуд.
Аз рӯи натиҷаи бозиҳои даставӣ ва ҷоизадорони мусобиқа ғолибиятро дастаи ВКД-2 ба даст оварда, ҷойи дуюмро дастаи ВКД-1 ва ҷойи сеюмро дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ишғол намуд.
Дар мусобиқа аз намуди шоҳмот дар байни занон ҷойи якумро намояндаи Шӯрои адлия Заррина Фатҳуллоева, ҷойи дуввумро корманди Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Гулмира Хушмамедова ва ҷойи сеюмро хизматчии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Анжела Афғонова соҳиб гардид. Аз ин намуди варзиш байни мардон ҷойи аввалро корманди РБДА ВКД Ҷурабек Паҳлавонов, ҷойи дуюмро хизматчии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Фирӯз Абдураззоқов ва ҷойи сеюмро хизматчии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Неъмат Мирзоев ишғол намуд.
Дар мусобиқаи варзишии шашка байни занҳо ҷойи якумро корманди воҳиди махсуси ВКД Владлена Илченко, ҷойи дуюмро намояндаи КДАМ Фарзона Корвонбекова ва ҷойи сеюмро корманди Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе Лайло Бердибекова соҳиб шуд. Дар бозии шашка ҳамчунин дар байни мардҳо ҷойи якум, дуюм ва сеюмро корманди Ротаи махсуси зудамали назди ВКД Тоҷиддин Маҳмадшарипов, корманди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Фаридун Ҷонов ва намояндаи телевизиони «Шабакаи аввал» Собир Абдурозиқов соҳиб гардиданд.
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал, диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






