Қаллоб бе ҷазо намемонад

Март 20, 2014 14:06

Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур якчанд далели қаллобиро аз ҷониби як нафар муайян ва ошкор намуданд. 
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Умаралӣ Алиев, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуд, ки охирҳои соли 2013 шаҳрванд Изатулло Боронов, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Саъдӣ Шерозии пойтахт, ки пеш бо моддаи 247-и Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 16 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, Изатулло Боронов аввалҳои моҳи марти соли 2012 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Убайдулло Саидов, соли таваллудаш 1968, даромада, аз  ӯ 4000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин Изатулло Боронов бо ҳамин роҳ, моҳи марти соли 2013 ба боварии шаҳрванд Субҳон Сабзалиев, соли таваллудаш 1976, даромада, аз ӯ 7 ҳазору 500-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.   
 
 

Март 20, 2014 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе