Қаллоб бе ҷазо намемонад
Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур якчанд далели қаллобиро аз ҷониби як нафар муайян ва ошкор намуданд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Умаралӣ Алиев, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуд, ки охирҳои соли 2013 шаҳрванд Изатулло Боронов, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Саъдӣ Шерозии пойтахт, ки пеш бо моддаи 247-и Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 16 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, Изатулло Боронов аввалҳои моҳи марти соли 2012 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Убайдулло Саидов, соли таваллудаш 1968, даромада, аз ӯ 4000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин Изатулло Боронов бо ҳамин роҳ, моҳи марти соли 2013 ба боварии шаҳрванд Субҳон Сабзалиев, соли таваллудаш 1976, даромада, аз ӯ 7 ҳазору 500-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






